Ҳайатҳои Қирғизистону Тоҷикистон санади ниҳоии таъйини ҳудуди марзҳои умумиро имзо карданд. Акнун ин санад бояд аз сӯи порлумонҳои ду кишвар тасвиб шавад ва сипас президентҳо имзо кунанд.

Рӯзи 21-уми феврал ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон протоколи ниҳоии таъйини марзи Қирғизистону Тоҷикистонро имзо карданд. Дар ин бора сарони ҳайатҳои кишварҳо, муовини нахуствазир ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов хабар доданд.

“Ин як рӯзи махсус барои шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон, рӯзи таърихӣ аст. Имрӯз мо протоколи ниҳоӣ дар бораи таъйини ҳудуди марзи байни кишварҳоямонро ба имзо расонидем”, – гуфт Ташиев дар маросими имзо дар қароргоҳи давлатии Ала-Арча дар Бишкек.

Саймумин Ятимов, дар навбати худ, таъкид кард, ки санади имзошуда “муҳимтарин созишномаи таърихӣ” аст ва дар сурати амалӣ шудани он, “ба баҳсҳои садсолаи байни ду ҷумҳурии бародарӣ хотима хоҳад гузошт”.

Дарозии умумии марзи Қирғизистону Тоҷикистон 972 километрро ташкил медиҳад. Ба далели даҳҳо минтақаи баҳсбарангез дар он ҷо давра ба давра даргириҳои мусаллаҳона ба амал омадаанд. Охирин даргирии бузург дар моҳи сентябри соли 2022 рух дод. Аз хар ду тараф даҳҳо кас захмиву кушта шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь