Парвандаи ҷиноӣ алайҳи президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев баста шудаст. Дар ин бора ба хабаргузории «Кабар» сардори дафтари матбуоти Додситони кулли ин кишвар Сироҷиддин Камолидинов хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи парвандаи ҷиноӣ Оқоев ба шарикӣ дар суистифода аз ҳукумат ё мақоми хидматӣ, хунукназарӣ дар ҳодисаҳои бастани созишномаи генералӣ бо ширкати “Камеко” дар соли 1992 ва таҷдиди лоиҳаи “Қумтор” дар соли 2003 муттаҳам мешавад.

«Парванда бо сабаби ба охир расидани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс баста шуд», – гуфт Камолидинов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь