Вакилони Кенеши маҳаллии (маҷлиси маҳаллӣ) Лайлак дар Қирғизистон аз кори мақомот дар ҷудокунӣ ва демаркатсияи қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон изҳори норозигӣ кардаанд.
ОИ «АП» аз қавли 24.kg менависад, ки онҳо мӯътақиданд, ки мақомот онҳоро «гумроҳ» мекунанд. Ҳамаи созишномаҳоро дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи (нишонагузорӣ) қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон инвентаризатсия кардан лозим аст, гуфтаанд вакилони маҳаллии ноҳияи Лайлак.
Вакилони маҳаллӣ мушкилоти сарҳадиро рӯзи 10-уми октябр дар ҷаласаи вакилони халқи ҳамаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд баррасӣ кардаанд.
“Агар созишномаҳое мавҷуданд, ки ба манфиатҳои истиқлоли Ҷумҳурии Қирғизистон мувофиқат накунанд, пас касоне, ки онҳоро имзо кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”, – гуфтаанд вакилон.
“Дар он боло (ҳукумат, дастгоҳи президент-шарҳи ред.), моро гумроҳ мекунанд. Онҳо танҳо кӯшиш мекунанд, ки моро ором кунанд. Барои нигоҳ доштани сарзамини худ, мо бояд ба ҳамсояҳо ягон фишанги фишор дошта бошем”, – гуфтааст вакили маҷлис Асилбек Сатторов.
Ҳамчун фишанг, вакилони маҳаллӣ пешниҳод мекунанд, ки сарвазир Қурбонбой Искандаров ба комиссияи ҳукуматии делимитатсия ва демаркатсияи қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон шомил карда шавад.
Бино ба иттилои 24.kg, Қурбонбой Искандаров аз вазифаи намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар масъалаҳои сарҳадӣ дар баҳори соли 2019 пас аз муноқиша дар сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вилояти Бодканд сабукдӯш шуда буд.
Сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 504 километр делимитатсия ва демаркатсия карда шудааст.
Низоъҳои мунтазам, ки дар атрофи маконҳои баҳснок ба вуҷуд меоянд, асосан аз ҳисоби об, замин, роҳҳо ҳастанд. Аз оғози соли 2019, беш аз 10 ҳодиса, аз ҷумла ҳалокати одамон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ба қайд гирифта шудаанд.