Бино ба иттилои дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон интихоботи президентии қарибулқуъро намояндагони созмонҳои байналмилалӣ низ назорат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон аз Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА ва Ассамблеяи парлумонӣ расман даъват кардааст, ки интихоботи президентиро назорат кунанд.
Тавре дафтари матбуоти КМИ Ӯзбекистон мегӯяд, пас аз боздиди гуруҳи коршиносони Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар охири моҳи майи соли равон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аъзои ин гурӯҳ перомуни баргузории интихоботи президентӣ баъзе тавсияву пешниҳодҳои худро ироа доштанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки як ҳайати мукаммали ин ниҳодҳо раванди интихоботи президентии Ӯзбекистонро назорат хоҳад кард.
Гурӯҳи асосии ин ҳайатро 10-15 нафар коршинос ташкил менамояд. Ҳамчунин, 28 нозири дарозмуддат ва 250 нозири кӯтоҳмуддат ба Ӯзбекистон омада, назорати интихоботи президентии Ӯзбекистонро бар дӯш хоҳанд дошт.
“Бо дарназардошти аҳамияти таъмини шаффофияти интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ аз кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ даъват кардани нозирон барномарезӣ шудааст. Аз ҷумла, дар баробари даъвати намояндагони Ассамблеяи Парлумонӣ ва Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, инчунин барои нозирони ИДМ, СҲШ ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ даъватномаҳо фиристода хоҳанд шуд”, омадааст дар иттилои дафтари матбуоти КМИ Ӯзбекистон.
Интихоботи президентии Ӯзбекистон 24 октябри соли равон баргузор мешавад. 23 июн аллакай расман маъракаи интихоботи президентии Ӯзбекистон оғоз ёфт. Гуфта мешавад, ки ба мақоми президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳрванди аз 35-сола болои ин кишвар даъвогарӣ карда метавонад.
Ин шахс бояд забони давлатиро хуб донад ва то баргузории интихоботи президентӣ камаш даҳ сол дар қаламрави Ӯзбекистон сукунат дошта бошад.
Қонунгузориҳои Ӯзбекистон муқаррар намудаанд, ки як шахс танҳо бу маротиба метавонад президент интихоб шавад.
Интизор меравад, панҷ ҳизби сиёсии Ӯзбекистон-Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби “Эҳёи миллӣ”, Ҳизби сотсиал-демократи “Адолат”, Ҳизби либерал-демократ ва Ҳизби экологӣ, ки дар парлумони ин кишвар намояндагони худро доранд, ба мақоми президентӣ номзади худро пешбарӣ хоҳанд кард.
Роҳбари маркази матбуоти Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон Ҷамолиддин Усмонов мегӯяд, логотип ё рамзи расмии интихоботи президентии Ӯзбекистон низ ба тасвиб расидааст.
Дар айни ҳол КМИ Ӯзбекистон маблағи баргузории интихоботи президентиро эълон намуд. Он 300 миллиард сӯм ё муодули 28 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд. Барои ҳар як ҳизби сиёсӣ, ки дар маъракаи интихоботӣ ширкат хоҳад кард, 15,4 миллард сӯм ё муодули 1,45 миллион доллар ва барои ҳар як номзад 3 миллиард сӯм ё муодули 283 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос дода хоҳад шуд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд