Тоҷикистон аз лиҳози суръати интернет ба даҳгонаи кишварҳои суръаташон пасттарин ҳам дар ИДМ ва ҳам дар саросари ҷаҳон шомил аст, бо такя ба гузориши нашрияи Cable.co.uk менависад Азия+.

Мувофиқи маълумоти гузориши нашршуда, боркунии файли ҳаҷмаш 5 гигабайт дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бо суръати 1,82 Мбит/сония имконпазир аст. Аз рӯи ин нишондиҳанда байни 224 кишвар ҷумҳурии мо зинаи 211-умро ишғол мекунад.

Гуфта мешавад, дар баробари Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои суръати интернеташон пасттарин инчунин Туркманистон низ дохил аст, ки зинаи охирини 224-умро касб намуда, суръати боркунӣ дар ин кишвар ба ҳисоби миёна 0,50 Мбит дар сонияро ташкил медиҳад.

Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) суръати интернет ба ҳисоби миёна дар маҷмӯъ 12,87 Мбит/сонияро ташкил медиҳад.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ суръати баландтарини интернет дар Қирғизистон боркунии 5 гигабайт бо суръати 7,44 Мбит/с (зинаи 155-ум) сабт шуда, ин нишондиҳанда дар Ӯзбекистон ба 6,64 Мбит/с (зинаи 166-ум) ва Қазоқистон ба 5,83 Мбит/сония баробар аст.

Миёни кишварҳои ИДМ дар сегонаи кишварҳои суръаташон баланд Русия (35,73 Мбит/с, зинаи 66-ум), Украина (25,26 Мбит/с, зинаи 77-ум) ва Беларус (19,86 Мбит/с, зинаи 92-юм) зикр шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти радабандии Worldwide mobile data pricing 2021, ки арзиши хидматрасониҳои марбутаро дар ин самт муайян мекунад, байни 231 кишвар Тоҷикистон дар мақоми 132-юм қарор дорад. Нархи 1 Гб интернети мобилӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба 4,65 доллар мерасад.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, соли 2020 шумори корбарони интернет дар ҷумҳурӣ 3,34 млн нафар ва корбарони алоқаи мобилӣ 7,3 млн нафарро ташкил дода буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь