Теъдоди ҳалокшудагон бар асари фурӯрезии пули кабелӣ дар ғарби иёлати Гуҷарот Ҳинд ба 130 нафар расид.Чунон рӯзи душанбе шабакаи телевизионии NDTV хабар дод, 177 нафарро наҷот доданд.

Қаблан раиси полиси ноҳияи Морбӣ ба хабаргузории Франс Пресс дар бораи марги дастикам 120 нафар гуфта буд. “Мо то ҳол 120 ҷасадро пайдо кардем. Эҳтимол меравад, шумори кушташудагон афзоиш ёбад, зеро амалиёти ҷустуҷӯӣ идома дорад”, – гуфт ӯ.

Фоҷиа шоми якшанбе рух дод. Дар маҷмӯъ, дар он лаҳза дар болои пул тақрибан 500 нафар буданд. Амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь