Теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар ҷазираи Яваи Индонезӣ ба 46 нафар расид, ҳудуди 700 нафар маҷруҳ шуданд. Дар ин бора Интерфакс бо истинод ба Associated Press хабар медиҳад.

«Айни замон дар бемористони вилоятии Чианҷур 46 нафар кушта ва ҳудуди 700 нафар захмӣ ҳастанд. Аксари онҳо аз биноҳои харобшуда осеб диданд”, гуфт роҳбари Агентии миллии коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиии Индонезӣ.

Оҷонсӣ гуфтааст, ки дар ин заминларза даҳҳо бино, аз ҷумла як мактаб-интернати исломӣ, бемористон ва дигар муассисаҳои давлатӣ осеб дидаанд. Гуфта мешавад, ки шумори қурбониён метавонад афзоиш ёбад.

Пештар Хадамоти геологии ИМА хабар дода буд, ки дар ҷазираи Яваи Индонезӣ заминларза ба шиддати 5,6 дараҷа рух додааст. Ба гуфтаи ин ниҳод манбаи заминларза дар наздикии шаҳри Чиандҷур воқеъ будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here