Президенти Индонезия Видодо иқрор шуд, эҳтимол дорад, ки президенти Русия Владимир Путин дар нишасти G20 дар Балӣ иштирок накунад.

Президенти Русия Владимир Путин шояд дар нишасти дарпешистодаи G20 дар Балӣ ҳозир нашавад. Ин андешаро Ҷоко Видодо, президенти Индонезия, дар мусоҳиба бо рӯзномаи Financial Times рӯзи душанбеи 7-уми ноябр баён дошт.

Видодо ба гуфтугӯҳои телефонии ахири худ бо ҳамтои русаш ишора кард. Дар натиҷаи суҳбат раҳбари Индонезия таассуроте пайдо кардааст, ки Путин нияти ширкат дар нишасти G20-ро надорад. Гуфтугӯи сиёсатмадорон, ба гуфтаи Кремл, рӯзи 2-юми ноябр сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, субҳи рӯзи душанбе сухангӯи вазорати хориҷаи Индонезия Сетӣ Утама изҳори умедворӣ кард, ки сарони тамоми кишварҳои узви G20 дар нишаст ҳозир хоҳанд шуд. Вай таъкид кард, ки ин ба Русия ва Украина низ дахл дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here