Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати кишвар ба Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Вазорати иқтисод ва рушди савдо оид ба ҷорӣ кардани имтиҳонҳои эҷодӣ ба 10 факултети эҷодӣ мактуб ирсол кардааст. Ин нуктаро ректори ДДФС Хайриддин Идиев зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури рӯзноманигорон зикр кард.

Дар нишаст кайд карда шуд, ки Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи марти соли 2018 аз Маркази милли тестӣ берун карда шудааст. Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати кишвар гуфт: “Маҳз ҳамин далелро мо асос карда, ба вазоратҳои номбурда вобаста ба кори эҷодӣ ва имтиёзҳо барои дохилшавии довталабон тариқи имтиҳонҳои эҷодӣ муроҷиат кардем. Баъзе гузаштҳо ва имтиёзҳо бояд пешниҳод шаванд, зеро барои довталабон баҳогузорӣ кардани ихтисосҳову он имкониятҳое, ки Маркакзи миллии тестӣ дорад, ғайриимкон аст. Барои ихтисосҳои эҷодӣ имтиёзҳои Маркази миллии тестӣ кифоя нест. Довталабон дар даври аввал, ки дар ин ҷо ворид мешаванд, супоридани маҳоратро дар ин ҷо мегузаранд. Вале на ҳамаи онҳое, ки баҳои баланди устодонро мегиранд, бо супоридани имтиёзҳои дигари Маркази миллии тестӣ пешбинишуда имконияти дохил шуданро доранд ва ба дигар ихтисосҳо равон карда мешаванд, ё умуман дохил шуда наметавонанд”.

Гуфта шуд, ки айни замон мактуби мазкур ба унвони вазоратҳои марбута ирсол гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь