Имсол аз шаҳри Бохтар 43 нафар ба зиёрати Каъба сафар карданд, ки ин рақам нисбати соли гузашта 11 нафар зиёд аст.
Аз бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Бохтар итилоъ доданд, ки тибқи нақша имсол бояд 45 кас аз ин шаҳр барои маросими ҳаҷи фарзӣ сафар мекарданд, аммо бо сабаби надоштани маблағ ду нафари онҳо рафта натавонистанд.
Итилоъ дода шуд, ки соли гузашта бо сабаби ҳамагир шудани коронавирус 32 кас барои адои ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд. Нақшаи рафтани сокинон ба ҳаҷи фарзӣи солҳои пеш зиёд буд, ки 68 касро ташкил медод, имсол 45 касро ташкил дод. Нархи ҳаҷи фарзӣ имсол 59 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Блоки рекламавӣ