Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Осиёи Марказӣ: робитаҳои минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” бо ташаббуси президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад. Гуфта мешавад, ин конфронс барои ташаккули баррасии модели робитаҳои муфиди “Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ” майдони фарохи сиёсӣ ва коршиносӣ, инчунин нақлиётӣ-лоҷистикӣ, энергетикӣ, савдо, тавлидотӣ, сармоягузорӣ, технологӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ мебошад. Баъди ифтитоҳи маросими конфронс иҷлосияҳои пленарии он дар се бахш баргузор мегарданд.

Пеш аз оғози конфронс Шавкат Мирзиёев ҳар меҳмони олиқадри онро дар толори баргузории ин конфронс дубора истиқбол гирифт ва чанд лаҳза бо онҳо суҳбат намуд. Дар ин шумор Нахуствазири Ҷумҳурии исломии Покистон Имрон Хон, раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ шомиланд.

Конфронсро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд. Вай дар бораи иштирокчиёни ин конфронс маълумоти мухтасар ироа кард ва дар бораи аҳамияти таърихии он ҳарф зад.

Баъд раисиҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмонони ин конфронсро хайрамақдам гуфт. Вай афзуд, ки дар конфронс меҳмонони зиёди олиқадр ширкат доранд.

-Аз Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш сипос мекунам, ки дар баргузории ин конфронс мусоидат намуд,-гуфт Шавкат Мирзиёев.

Вай дар пайи суханронӣ аз пахши пандемия ва оқибатҳои он ибрози нигаронӣ кард. Вай гуфт, дар ин замина лозим аст, ки кишварҳо ҳамкориҳои худро густариш бахшанд.

Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ алломаҳои бузургтарини тамаддуни ҷаҳониро ба дунё овардааст.

-Амирхусрави Деҳлавӣ, Форобӣ, Абӯалӣ Сино, Алишери Навоӣ, Махтумқулӣ, Садриддин Айнӣ, Чингиз Айтматов ва дигарон дар тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидаанд,-изҳор кард Шавкат Мирзиёев.

Ба таъкиди ӯ Ҷумҳурии Афғонистон дар айни замон яке аз давраҳои мушкилро паси сар менамояд ва Ӯзбекистон омода аст, ки барои барқарории субот ва тараққиётии иқтисодии он саҳм бигирад.

-Ҳар гуна мулоқоту музокирот метавонад дар таъмини амният нақшгузор бошад,-гуфт Ш.Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев инчунин тазаккур дод, ки Ӯзбекистон барои пешрафти ҳамкориҳо дар соҳаҳои сармоягузорӣ низ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

-Ҳамаи ин мусоидат менамоянд, ки ҷойҳои нави кор фароҳам оварда шаванд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа густариш ёбанд. Унсури асосии ҳамкориҳои мо ба роҳи оҳани Тирмиз-Мазори Шариф-Кобул-Пешовар хеле вобаста мебошад. Ин роҳи оҳани трансмарзӣ барои тараққиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хеле муҳим хоҳад буд,-изҳор кард президенти Ӯзбекистон.-Татбиқи чунин лоиҳа ҳамкориҳои дигари фаровонеро дар пай хоҳад дошт.

Ба таъкиди Шавкат Мирзиёев баланд рафтани нарху наво ба маводи ғизоӣ низ вазъи нигаронкунандаро ба бор овардааст ва бояд идораҳои марбутаи кишварҳо дар ин маврид чораҷӯӣ кунанд.

-Таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, маводи мухаддир ва таҳдидҳои дигар тақозо менамоянд, ки мо дар ин самт ҳамкориҳои худро густариш бахшем,-гуфт Шавкат Мирзиёев.

Вай дар робита ба масъалаи экология, нарасидани об, ифлосшавии муҳит, деградатсияи хок, хушкшавии баҳри Арал таваққуф намуд ва аҳамияти планетарӣ касб намудани онро зикр кард.

-Доман фарох кунонидани ҳамкориҳо дар робита бо мероси таърихӣ ва баргузории конфронсҳо мусоидат менамоянд, ки ҷавонони мо ин меросро бештар омӯзанд,-гуфт президенти Ӯзбекистон.-Илм, технология ва инноватсия низ ба табодули таҷриба ниёз доранд. Мутамарказ намудани ҳамаи корҳо дар ин бора самараи хуб ба бор хоҳанд овард,-ишора намуд сарвари давлати Ӯзбекистон.

Вай афзуд, ки дар арафаи ин нишасти бонуфуз Институти Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт. Дар ин замина низ мешавад ҳамкориҳоро ба роҳ монд.

-Нақши кишварамон дар ҳамаи соҳаҳо қобили қайд мебошанд. Ҳамаи он бар асоси сиёсати пешгирифтаи мо амалӣ мешаванд. Бо кишварҳои ҳамҷавор робитаҳоро дар фазои нав ва бо дастгирии ҳамдигар ба роҳ мондаем. Дар аввали моҳи август сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон нишасти худро баргузор мекунанд. Мо барои ҳамаи ҳамкориҳо омода ҳастем,-гуфт Ш.Мирзиёев.

Вай афзуд, вақти он фаро расидааст, ки бидуни тавсеаи ҳамкориҳо кишварҳо наметавонанд бо таҳдидҳо бархурди ҷиддӣ кунанд.

-Бояд дар фазои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шароити ҳамкориҳои доманфароҳ фароҳам оварда шаванд, гуфт Ш.Мирзиёев.

Конфронси Тошканд идома дорад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь