Нимаи дуюми рӯзи 25-уми январ дар чанд минтақаи Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бар асари садама дар системаи энергетикӣ интиқоли нерӯи барқ қатъ гардид, хабар медиҳад Gazeta.uz

Бар асари қатъ шудани барқ ​​ҳаракати метро дар пойтахти Ӯзбекистон ба тафаққуф афтодааст, хабар медиҳад Sputnik Узбекистон. Ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо аз ҷониби кормандони БДА ба танзим дароварда мешавад, то роҳҳо банд нашаванд.

“Дар Тошканд (дар тамоми вилоятҳо), Гулистон, Қаршӣ, Бухоро, Самарқанд, Қӯқанд, Чирчиқ интиқоли нерӯи барқ ​​қатъ шудааст”, – гуфтааст манбаъ.

Вазорати энергетикаи ин кишвар гуфт, ҳоло мутахассисон барои рафъи ин мушкил талош доранд.

Гузоришҳо аз он ҳоқиянд, ки нерӯи барқ ​​дар дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Алмаато, Бишкек ва дигар манотиқи мухталифи Қирғизистону Қазоқистон қатъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол Қазоқистон ва Узбекистон якдигарро дар иллати ин садама муттаҳам карданд. Ширкати шабакаи барқи Қазоқистон KEGOC гуфт, ки қатъи барқ ба сабаби сарбории зиёди хатти транзитӣ рух додааст.

Вазорати энергетикаи Узбекистон дар навбати худ иддао дорад, ки қатъи барқ ​​бар асари садама дар Қазоқистон рух додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь