Аз 15 декабри соли 2021 то 15 январи соли 2022 дар доираи дастгирии мизоҷони худ, ТАҚХ “Имон интернешнл” аз  оғози маъракаи «Мо қарзи шуморо пардохт мекунем» эълон кард.

Дар доираи ин аксия ширкат бо пешниҳоди шаҳодатномаи тӯҳфавӣ  қарзи асосӣ ва фоизҳои ҳисобшударо ба маблағи то 5000 сомонӣ мепардозад.

Даври аввали аксия  аз 15.12.2021 то 31.12.2021 баргузор гардид, ки дар натиҷа  3 нафари хуштолеъ ғолиб гардиданд:

  • Ӯрунбоев Ҳасан — сокини ноҳияи Ҷ. Расулов. Рақами ID-и бурднок: S0279
  • Раҷабов Аҳмадхон — сокини ноҳияи Балҷувон. Рақами ID-и бурднок: H0137
  • Комилова Ганҷина — сокини шаҳри Ҳисор. Рақами ID-и бурднок: D0073.

Марҳилаи дуюми аксия аз 01/01/2022 то 15/01/2021 баргузор мешавад.

Шартҳои иштирок дар аксия:

Дар аксия Иштирокчиёне ширкат меварзанд, ки ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ ҳастанд:

  • Мизоҷоне, ки дар шабакаи мағозаҳои шарикони Ташкилот дар давраи баргузории Аксия «Молҳо ба қарз» – ба маблағи аз 1000 то 20000 сомонӣ ба мӯҳлати аз 12 то 24 моҳ қарз гирифтаанд;
  • Дар давраи муайян кардани ғолиб иштирокчиён ҳеҷ гуна пардохтҳои таъхирнопазир надоранд;
  • Дар давраи Аксия иштирокчиён қарзгирандагони фаъол мебошанд;

Тартиби гузаронидани Аксия:

Пас аз иҷрои шартҳои Аксия ба иштирокчӣ рақами ID-и силсилавӣ дода мешавад. Рақами ID чоррақама буда, бо ҳарф нишон дода мешавад (S – барои вилояти Суғд, D – барои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Н – барои вилояти Хатлон)

Шумораи умумии ғолибон: шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (2 нафар), вилояти Суғд (2 нафар) ва вилояти Хатлон (2 нафар).

Санаи бурди шаҳодатномаҳои тӯҳфаҳо

Ғолибони даври дуюм – 21/01/2022 тавассути интихоби тасодуфӣ дар лототрони  шаффоф, ки ID-и рақами иштирокчии ғолибро муайян мекунад.

ҶСП ТАҚХ “Имон интернешнл ” –  ташкилоти амонатии қарзии хурд буда, дар тӯли зиёда аз 22 сол ба аҳолии Тоҷикистон хизматҳои молиявӣ мерасонад, ки дорои беш аз 100 000 қарзгирандагони фаъол ва 130 марказҳои хизматрасонӣ  дар саросари кишвар мебошад.

Ҳадафи ташкилот  мусоидат ба рушди иқтисодии Тоҷикистон, мусоидат ба баланд бардоштани сифати некӯаҳволии мардум тавассути таъмини дастрасии устувор ба маблағ маҳсуб меёбад.

“Имон интернешнл” дӯсти молиявии шумост!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь