12-уми феврали соли 2023 баъди ҷустуҷӯву кофтуковҳои зиёд бо истифода аз таҷҳизоти махсуси ҷустуҷӯи одам дар ноҳияи Оникисуботи шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон писарбачаи сесоларо бо исми Ёвуз аз зери вайронаҳо зинда берун оварданд.

Ёвуз муддати 158 соат зери ғарами оҳану бетон, деворҳои фурӯрафтаи бинои истиқоматӣ зинда монд. Одамоне, ки кори наҷотдиҳандагони тоҷикро тамошо мекарданд, пайғоми зинда берун омадани боз як тифлро бо нидоҳои хурсандибахш истиқбол карданд.

Гуфтанист,ки дар ҷараёни ин ҷустуҷӯҳо наҷотдиҳандагони КҲФ 78 ҷасади онҳоеро, ки бар асари заминларза ҷон бохта буданд, берун оварданд.

Корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар Қаҳрамонмаръаш ва саросари қаламрави зилзилазади Туркия ба шиддат идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь