Вазири молияи ИМА Скотт Бессент гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Чин дар мавриди коҳиши боҷҳои мутақобила ба созиши муваққатӣ расиданд. Пешбинӣ шудааст, ки боҷҳо барои 90 рӯз кам карда шаванд.
Мувофиқи созиши ҳосилшуда таърифаҳои Амрико ба молҳои Чин аз 145 дарсад ба 30 дарсад ва боҷҳои Чин ба махсулоти Амрико аз 125 дарсад ба 10 дарсад кам карда мешаванд. Ин тадбирҳо фавран эътибор пайдо мекунанд ва се моҳ давом хоҳанд кард.
Бессент машваратҳоро “босамар ва созанда” номида, қайд кард, ки ин аввалин музокироти мустақим байни кишварҳо пас аз авҷ гирифтани низоъ ва ҷорӣ кардани боҷҳои баланди президенти Амрико Доналд Трамп аст.
Ҳанӯз дар нимаи моҳи апрел маъмурияти Трамп чанд маҳдудияти нави тиҷоратро ҷорӣ кард, ки аз ҷумла ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таъсир мерасонанд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 9-уми апрел президенти Амрико дар бораи ба таъхир андохтани 90 рӯз дар ҷорӣ кардани боҷҳо барои аксари кишварҳо хабар дод. Чин истисно буд ва барояш, баракс, 125% иловагӣ муқаррар карда шуд, ки дар ниҳоят ба 20% баробар шуд.