Теъдоди кушташудагон дар тӯфони Ҳелен, ки дар ҷанубу шарқи Иёлоти Муттаҳида рух дод, ба 116 нафар расид, хабар медиҳад шабакаи телевизионии CBS News.

Тӯфон боиси харобиҳои густурда шуд ва чандин миллион одам бе барқ ​​монданд. Аз Каунти Банкомбе, дар иёлати Каролинаи Шимолӣ, яке аз минтақаҳои аз ҳама осебдида, гузориш шуд, ки 30 нафар кушта шудаанд.

Тӯфони дараҷаи 4-и Ҳелен шоми панҷшанбеи 26-уми сентябр ба минтақаи Биг Бенди иёлати Флорида расид. То нисфирӯзии рӯзи дигар, он заиф шуд ва суръати шамол аз 225 то 48 км/соат коҳиш ёфт. Ҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки тӯфон бо ҳаракати шимол идома хоҳад ёфт.

Фармондори Флорида Рон ДеСантис шаби якшанбе гуфт, ки 99 дарсади иёлат то кунун бо барқ таъмин шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь