Ҳавопаймои низомии амрикоӣ як бодкунаки ҳавоии (баллон) чиниро дар болои уқёнуси Атлантик, пас аз убури тамоми қаламрави ИМА, сарнагун кард, хабар медиҳад рӯзномаи Guardian.

Вазорати корҳои хориҷии Чин ИМА-ро дар “вокуниши зиёдатӣ” ва “нақзи таҷрибаи байналмилалӣ” муттаҳам мекунад.

Ин баллон, ба гуфтаи ҷониби Чин, барои ҳадафҳои метеорологӣ пешбинӣ шудааст, аммо ИМА ба ҷосусӣ исрор мекунад.

Як мақоми баландпояи низомӣ ба хабарнигорон гуфт, ки бодкунак ба як мушак аз ҳавопаймои ҷангии F-22 Raptor, ки аз Пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии Ланглӣ дар Вирҷиния парвоз мекард, бархӯрдааст.

Ҷо Байден, президенти ИМА, ба хабарнигорон гуфт: “Рӯзи чоршанбе, вақте ки ман аз бодкунак хабар ёфтам, ба Пентагон амр додам, ки ба касе дар рӯи замин осеб нарасонда, онро ҳарчӣ зудтар сарнагун кунад. Онҳо қарор доданд, ки вақти беҳтарини ин кор дар масофаи 12 мил дар рӯйи об аст. Онҳо онро бомуваффақият задаанд ва ман мехоҳам ба ҳавонавардҳои мо, ки ин корро карданд, ташаккур гӯям”

“Чин аз истифодаи нерӯ аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида барои ҳамла ба ҳавопаймои бидуни сарнишини ғайринизомӣ изҳори норозигии шадид ва эътироз мекунад”, –  гуфт вазорати хориҷаи Пекин дар як изҳорот ва илова кард, ки “ҳақи вокунишро дорад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь