13-уми декабр Иёлоти Муттаҳида тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) аз 153 000 вояи ваксинаи изофӣ аз Pfizer ба Тоҷикистон эҳдо кард. Боқимонда 146 520 воя ваксина ин ҳафта интиқол дода мешавад ва шумораи умумии онҳо ба 299 520 мерасад. Ин интиқол тавассути COVAX, ки як ташаббуси ҷаҳонӣ барои дастгирии дастрасии баробар ба ваксинаҳои COVID-19 мебошад, имконпазир гардид. Интиқоли имрӯза ҳаҷми умумии хайрияи ҳукумати ИМА аз ваксинҳои Pfizer (823 680) ва Модерна (1 622 500) дар Тоҷикистон ба 2 446 180 хохад расонд.
Аз моҳи марти соли 2020 Иёлоти Муттаҳида барои кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 ба маблағи беш аз 12 миллион доллар таҷҳизот ва дастгирии техникӣ ҷудо кардааст. Ин дастгирӣ барои хариди лавозимоти тиббӣ-санитарӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ; такмили лабораторияҳо, омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва тиб, инчунин дастгирии кӯшишҳои эмкунӣ дар Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Иёлоти Муттаҳида шарикиро бо Тоҷикистон барои хотима додан ба пандемияи COVID-19, коҳиш додани таъсири харобиовари иҷтимоӣ ва иқтисодии он ва беҳтар кардани омодагӣ ба вокуниш ба авҷгирии оянда, идома хоҳад дод.
Интиқоли имрӯзаи ваксинаи Pfizer ба Тоҷикистон як қисми ӯҳдадориҳои ҳукумати ИМА оид ба эҳдо кардани 1,1 миллиард вояи ваксинаи COVID-19 ба кишварҳои эҳтиёҷманд – бехатар, одилона ва бидуни шарт мебошад. Дар саросари ҷаҳон, Иёлоти Муттаҳида аллакай беш аз 5,7 миллиард доллари ИМА кумаки зидди COVID-19 фиристодааст ва расонидани кумаки бештар дар назар аст.
Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли бо ишора ба муваффақияти маъракаи эмгузаронии Тоҷикистон, ки аллакай беш аз 40 дарсади кишварро фаро гирифтааст, чунин шарҳ дод: «Мо ният дорем, ки Тоҷикистон то моҳи сентябри соли оянда дар доираи барномаи ваксинзанӣ ба 70 дарсади пурраи эмкунӣ бирасад, ки ин як қисмати ташаббуси маъмурияти Президент Байден «Ҷаҳонро эм кунед!” мебошад.