Мувофиқи маълумоти Хадамоти тағйирёбии иқлим ИА Copernicus, моҳи июни гузашта гармтарин дар тамоми таърихи назорати иқлим эътироф шуд. Дар тӯли 12 моҳи охир дамои миёнаи ҷаҳонӣ пайваста аз сатҳи пеш аз саноатӣ 1,5 дараҷаи Селсий зиёдтар буд.

Дар моҳи июн дамои миёнаи сатҳи баҳр ба 20,85 дараҷаи Селсий расид, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ мебошад, хабар медиҳад Хадамоти иттилоотии СММ.

Дамо дар моҳи июн дар Аврупои ҷанубу шарқӣ ва Туркия аз ҳисоби миёна боло буд, дар ҳоле ки дамо дар Аврупои Ғарбӣ, Исландия ва шимолу ғарби Русия тақрибан ё камтар аз миёна буд. Берун аз Аврупо дамои ҳаво дар шарқи Канада, ғарби Иёлоти Муттаҳида ва Мексик, Бразил, Сибири шимолӣ, Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ ва ғарби Антарктида болотар буд.

Июни соли 2024 дар Исландия, дар қисмати марказӣ ва ҷанубу ғарбии Аврупо аз муқаррарӣ бештар намнок буд ва боришоти шадид дар Олмон, Итолиё, Фаронса ва Суис боиси обхезӣ шуд.

Тибқи Созишномаи Порис, кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки дамои миёнаи сатҳи ҷаҳонии Заминро дар муддати тӯлонӣ дар зери 2 дараҷаи Селсий болотар аз сатҳи пеш аз саноатӣ нигоҳ доранд ва кӯшиш мекунанд, ки то охири асри ҷорӣ онро то 1,5 дараҷаи Селсий маҳдуд созанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь