Имрӯз тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои давлатӣ идома ёфт ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ ва вилояти Хатлон ба вазифа таъйин гардиданд, мулоқот карданд, хабар медиҳад «Ховар».
Мутобиқи банди 8-и моддаи 69-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозхонд намудани Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод аз вазифаи судяи Суди Олӣ, аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ бозхонд намудани Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштан, дар бораи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад, ба вазифаҳои судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода Марзия Файзалӣ, Бобохонзода Асомуддин, Шукурзода Назрулло Тағойбобо, Амонзода Намози Шариф, Шерзода Ҷурабек Сангинмурод, Қурбониён Сафаралӣ Алихон, Назарзода Даврон Қувват, Давлатзода Исмоил Раҳим ва ба вазифаҳои судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Баротзода Зумрад Маҳрамиён, Саидзода Зулфия Саид пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Шарифӣ Бахтиёр бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод гардида, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, Гуреззода Умед раиси ноҳияи Сино ва Сафарзода Дилшод Ғанӣ раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъйин гардиданд.
Вализода Икромиддин, ки то имрӯз дар вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён фаъолият дошт, ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвон, Холзода Маҳмадшариф раиси ноҳияи Кӯшониён ва Амирзода Маҳмуд раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъйин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Афзалшо Муслима Аскаршо ба вазифаи муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.