Ба иттилои пешакии Шӯрои уламои Тоҷикистон, имсол Иди Қурбон дар кишвар эҳтимолан рӯзи 28-уми июн таҷлил мешавад, аммо санаи дақиқи ид рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи Шурои уламо маълум хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, дар аввали ҳафтаи оянда тоҷикистониён бо назардошти рӯзи якшанбе чор рӯз пайиҳам истироҳат хоҳанд кард, зеро 27-уми инюн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Барои пайиҳам омадани рӯзҳои истироҳат мувофиқи қарор ““Дар бораи гузарондани рӯзҳои ид ба рӯзҳои дигари кории соли 2023”, рӯзи шанбеи 24-уми июн рӯзи корӣ буда, истироҳат ба рӯзи душанбеи 26-уми июн гузаронида мешавад.

Мутаносибан, якшанбеи 25-уми июн ва душанбеи 26-уми июн рӯзҳои истироҳат буда, 27-уми июн дар кишвар ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ (инчунин рӯзи истироҳат) ва 28 июн Иди Қурбон, ки рӯзи истироҳат низ маҳсуб мешавад, таҷлил мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь