Бо фаро расидани Иди Қурбон нархи маҳсулоти ниёзи аввлия, сабзавоту полезӣ, меваҷот ва дигар амвои хуроквориро тоҷирон якбора то даҳ маротиба боло бардоштанд.

Дар арафаи иди Қурбон аксари савдогарони бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон нархи ҳама намуди маҳсулотро даҳчанд гарон карданд.

Сулаймон, сокини вилояти Хатлон бо нигарони гуфт, масалан, тарбузу харбузае, ки ҳафтае пеш 10 сомонӣ арзиш доштанд, ҳоло онро тоҷирони “бовиҷдон” бо нархи 40-50 сомонӣ мефурӯшанд.

– Фурӯшандагон медонанд, ки мардум имруз ба чунин маҳсулот ниёз  доранд, якбора нархро осмонӣ карданд, – илова кард Умеда, сокини ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ.

Сокини дигари шаҳри Бохтар, ки худро Абубакр муаррифӣ кард, гила дорад, нархи як кило пиёз 6 сомонӣ, гӯшт 65 сомонӣ шудасту ниҳодҳои танзимкунанда ба куҷо менигаранд.

Ба ин монанд садҳо нафар аз гардонии нархи наво дар арафаи Иди Қурбон изҳори ташвиш карда, аз мутасадиён хоҳиш доранд, ки пеши роҳи чунин тоҷирони беинсофро гиранд.

Бояд гуфт, ки тарбузу харбуза, пиёзу картошка, меваҷот ва сабзавот ҳама дар вилояти Хатлон парвариш карда мешавад ва набояд бо чунин нарх онҳоро фурӯшанд, аммо, мутаассифона, тоҷирон аз чунин фурсат истифода карда, нархро ба осмон мебардоранд. Куҷо шуд имону инсофатон соҳибкорону фурӯшандагони муҳтарам?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь