11 корхонаи коркарди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон, бозигарони калидии бозори хушкмеваҳо дар Осиёи Марказӣ, дар намоишгоҳи муътабари “Gulfood”, ки рӯзҳои 17-21-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Дубай баргузор мегардад, иштирок мекунанд.
Ҳафт корхона аз ин миён: “Водии меваҳо”, “Оро Исфара”, “Исфара Фуд”, “Меваи тиллоӣ”, “Меваи заррин”, “Висол”, ва “Тути Помир” дар баробари 5500 корхонаи дигар аз 130 кишвари дунё дар деворааи вижаи Тоҷикистон маҳсулоти тозатарини худро ба ҳазорон бинанда аз саросари дунё намоиш медиҳанд. Ба ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, иттиҳодияҳои соҳавӣ ба ҳайси боздидкунанда шомиланд.
Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) – “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: Кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ” (TPE), ки маблағгузораш Ҳукумати Швейтсария мебошад, баргузор мешавад.
Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи тоҷик имкони хубе фароҳам меорад, то маҳсулот ва имкониятҳои худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкориҳои эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ карда, бо раванд ва тамоюлоти нави бозор дар минтақа шинос шаванд.
Ҳайдар Салимов, намояндаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, мегӯяд: “Бо намоиши маҳсулоти волосифати гуногун дар ин пойгоҳи минтақавӣ, ширкатҳои мо азм доранд, то шарикони эҳтимолии байналмилалиро аз миёни дистрибюторҳо ва харидорон ҷалб карда, ҳамкориҳои тиҷоратиро ба нафъи кишвар рушд диҳанд.”
Gulfood Dubai ҳар сол баргузор шуда, яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад. Намоишгоҳ барои 30-умин бор ширкаткунандагон, коршиносони пешсафи соҳа ва харидоронро аз саросари ҷаҳон ҷиҳати табодули идеяҳо, тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва барқарор намудани ҳамкориҳои стратегӣ гирди ҳам меорад.
Бо ҳадафи пешбурд ва тарғиби лаззати беназири хушкмеваҳои Тоҷикистон, девораи кишвар мизбони меҳмонони сершуморе хоҳад буд, ки барои чашидани таъми табиӣ ва нодири маҳсулоти мо ташриф меоранд.
Мӯъминҷон Маҳмадҷонов, намояндаи ширкати “Исфара Фуд”: “Иштирок дар ин намоишгоҳ имкони хубест, то мо бо харидорони бештар робитаи мустақим барқарор намуда, ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем, бренди ширкатҳои худро ба бозорҳои беруна муаррифӣ намоем, бо тамоюлҳои нав дар бозор, талабот ва интизориҳои бозор шинос шавем ва аз навгониҳо низ огоҳ гардем”.
Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон ҳамчунин дар мизҳои мудаввар, семинарҳо, ҳамоишҳои тиҷоратӣ иштирок карда, бо баррасиҳои босамар доир ба равандҳои нав дар соҳа маълумот мегиранд. Онҳо доир ба талаботи бозор ва муштариён маълумоти муфид дарёфт мекунанд, ки ҷиҳати рақобатпазир боқӣ мондан дар бозор ва ҷустуҷӯи самтҳои нави рушд ёрӣ мерасонад.
Бо иштирок дар ин намоишгоҳ, ширкатҳои Тоҷикистон на танҳо имкониятҳои нави содироти маҳсулот пайдо мекунанд, балки боз меҳмононро ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо тамъи нодири хушкмеваҳо ва маҳсулоти гуногуни меваҷотии кишвар даъват мекунанд. Ин чорабинӣ барои соҳибкорони тоҷик ба ҳайси пуле мебошад, ки роҳи онҳоро ба саноати ҷаҳонии хӯрокворӣ наздиктар гардонида, худи онҳоро ба ҳайси бозигарони муҳимми бозори байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.