Дар кишвар то 6-уми феврал ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Дар ин бора Агентии овуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад. 

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ то 6 феврал дар кишвар ҳаво ноустувор боқӣ мемонад. Барфу борон дар навоҳии алоҳидаи кишвар бошиддат меборанд. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо дамои ҳаво аз 8 то 10 дараҷа паст мешавад.

Бошиддат боридани барф дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ сабабгори лағзиши тарма дар роҳҳо мешавад. Бахусус, хавфи тарма дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Лахш – Қарамиқ бештар аст.

Дар  робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аҳолии кишвар ва меҳмононро огоҳ мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ба дилхоҳ манотиқи кишвар худдорӣ кунанд ва агар зарур аст, ки раванд, пас бояд хеле эҳтиёткор бошанд.

“Пеш аз сафар аввал мошинро санҷед, ноҷӯриҳои онро ислоҳ кунед, захираи кофӣ ва ҳатто барзиёди сӯзишворӣ бо худ гиред, ашёи гарм дошта бошед, ғизои кофӣ бигиред, фонус, доруқуттӣ, банд, симкортҳои чандин шабакаҳо ва хадамоти мобилиро низ дошта бошед”, – ҳушдор медиҳад кумита.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь