19-уми январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз дуди ангишт падару писар ҷон доданд. Модар ва як фарзанди дигари ин хонавода дар бемористон бистарӣ шуда буданд, ки пас аз ду рӯзи ин ҳодиса модар низ  ҷон дод.

Ба иттилои як манбаъ аз ноҳияи Хуросон, ҳодисаи мазкур рӯзи 19-уми январи соли ҷорӣ дар деҳаи Гулрези ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи мазкур рух дод.

Гуфта шуд, дар ин ҳодиса бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт сокини 33-солаи ноҳияи Хуросон Шамсулло Маҳмадов ва писари панҷсолааш худи ҳамон рӯз фавтида буданд. Манбаъ илова кард, ки ҳамсари Шамсуллоҳ Маҳмудов, ки дар ҳолати вазнин  дар бемористон бистарӣ буд, рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ ҷон дод.

Табибон вазъи кӯдаки дигари ин оиларо, ки ҳоло дар бемористон бистарӣ аст,  вазнин арзёбӣ кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь