Дар офати табиии рӯзи 21-марти соли равон дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон ба 212 замини наздиҳавлигӣ ва иншоотҳои ёрирасони сокинони маҳаллӣ обу лойқа даромада, сокини ҳамин деҳа Мирзоқул Раҳмонқулови 59-сола ба ҳалокат расид.
Шоми 21-марти соли раовн дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон бар асари боришоти зиёди борон сел фаромада, ба манзилҳои зисти сокинон лойю об даромада, заминҳои наздиҳавлиги, роҳҳои мошингард ва дигар иншоотҳои хароб шуда буданд, ки ҳоло аз ҷониби ҳама сохторҳои оқибатҳои сел бартараф карда мешавад.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба деҳаи Ҳалқаҷар сафари корӣ анҷом дода, бо сокинони ин деҳа, ки дар натиҷаи бориши бисёр ва омадани сел заминҳои наздиҳавлигӣ ва иншооти ёрирасонашон зарар дида буданд, мулоқот кард.
Қурбон Ҳакимзода ба масъулони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ҷиҳати вусъатбахшӣ ба корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, расонидани кумакҳои лозимӣ ба осебдидагон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раиси вилоят дар робита ба ҳалокати шаҳрванд М. Раҳмонқулов ба наздикону пайвандони марҳум арзи таслият намуда, ба хонаводаи ӯ кумакҳои моддию молиявӣ расонид.
Тибқи иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон то рӯзи 25-уми март манзили зист ва заминҳои наздиҳавлигии зиёда 246 нафар дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ва 73 ҳавлӣ дар деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, инчунин, муассисаи таълимии №24, варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, кӯчаву роҳравҳо, масҷид аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон дезинфексия карда шуданд.
Таҳхона ва заминҳои наздиҳавлигӣ, ашёҳои рӯзгори шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон аз обу лойқа берун бароварда шуданд.
Инчунин, шаби 21-уми март аз тарафи Комиссияи эвакуатсионии ноҳияи Хуросон бо мошинҳои боркаш тақрибан 760 сокини маҳаллӣ аз ҷойи хавфнок ба мавзеи бехавф интиқол дода шуданд.
Ҳоло рафъи оқибатҳои табиӣ идома дорад.