Дар ноҳияи Хуросон нуҳ муассисаи таълимии садамавӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 3 ҳазору 242 хонанда таълим мегиранд.

Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Хуросон Шарифзода Олимҷон гуфт, дар ин ноҳия 11 муассисаи таъмирталабу садамавӣ фаъолият мекард, ки аз онҳо ду ададаш дар доираи Барномаи давлатии “Рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” навсозӣ шуданд.

Мудир гуфт, боқӣ мактабҳо ҳоло дар чунин ҳолат қарор доранду дар онҳо хонандагон таълим мегиранд.

– Бояд нуҳ мактаби садамавӣ то соли 2021 низ навсозӣ шаванд, – илова кард ӯ.

Ҳамчунин, манбаъ қайд кард, ки ду муассисаи дигар дар мавзее ҷойгиранд, ки хавфи таҳдиди сел дорад.  Дар ин муассисаҳо беш аз 1400 хонанда таълим мегиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь