Дар ноҳияи Хуросон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 921 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 270 кас зиёд мебошад. Дар ин бора Суризода Носир, раиси ноҳияи мазкур, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт дар ин давра 3 коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 18 ҷойи нави корӣ бунёд шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми сармояи асосии иҷрошуда 25 миллиону 665 ҳазор сомониро ташкил дод.
Раис ҳамчунин афзуд, ки дар ноҳияи Хуросон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар 239 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, аз он то имрӯз 136 ададаш сохта ба истифода дода шудааст.
Блоки рекламавӣ