Бозори марказии ноҳияи Хуросон, ки дар ҷамоати шаҳраки Хурамшаҳр ҷойгир буд, ба бозори нав, ки дар ҷамоати деҳоти Ғалаободи ноҳия сохта шудааст, кӯчонида шуд.

Як манбаъ аз МИҲД-и ноҳияи мазкур ба “Фараж” иттилоъ дод, бозоре, ки дар ҷамоати деҳоти Ғалаободи бунёд гардидааст, замонавӣ буда, ба ҳама талабот ҷавобгӯ мебошад ва зиёда аз даҳ гектар масоҳат дорад. Ҳамаи соҳибкорони бозори пешина дар бозори нав бо ҷой таъмин карда шудаанд.

Дар ҷойи бозори пешина дар маркази ноҳия дар назар аст, ки як гулгашти замонавӣ барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмон бунёд карда шавад.

Ба дигар ҷой кӯчонидани бозор ин боиси аз байн рафтани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар маркази ноҳияи Хуросон мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь