Дар ноҳияи Хурсони вилояти Хатлон ба аввали соли 2022-юм 4 миллиону 591 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андоз мавҷуд буд, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ 888 ҳазори он кам карда шудаст, аммо ин ноҳия боз беш аз 23,5 миллион сомонӣ қарзи мушкилситон дорад.      

Сулҳиёр Шоҳимардонов, сармутахасиси бахши ситонидани қарзи анозҳои Нозироти андози ноҳияи Хуросон, гуфт,  беш аз 50 дарсади бақияи қарзи андози ноҳия аз ҳисоби ташкилоту идораҳои буҷетӣ мебошанд.

Номбурда илова кард, ки ҶДММ “Хурсон об сохтмон” 184 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Рамзан сохтмон” 128 ҳазор сомонӣ, Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 210 ҳазор сомонӣ дар назди нозироти аноз қарздор мебошанд.

Дар идома номбурда гуфт, дар назди нозироти андози ноҳия боз 23 миллиону 563 ҳазор сомонӣ қарзҳои мушкилситон мебошад, ки ин қарз ба 7 ҷамъият рост меояд.

– Баргардонидани ин қарзҳо имкон надрад, зеро соҳибмулкони кохонаҳо дар маҳбас, муҳоҷират ва баъзеашон фатдиданд, – илова кард мавсуф.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь