Мегӯянд, китоб тоҷи сари миллати мо буд. Дар ҷомеаи мудерн, ки падидаҳои ҷадид ҷойгузини арзишҳои мухталиф мешаванд, оё китоб низ ҳамон манзалати азалии худро ҳифз карда тавонист? Дастрас будани китобҳои тозанашр, афзудани теъдоди адабиёти тахассусӣ, ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба мутолиа аз масъалаҳои умдатарин ба ҳисоб мераванд, ки назари хоси аҳли ҷомеаи шаҳрвандиро металабад.

Тавре директори китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов гуфт, соли 2019 ба махзани китобхона наздик ба 200 нусха китоби нав ворид гардидааст, дар маҷмӯъ 362 китобхонаи низоми фарҳанги вилоят ҳастанд, ки китобхонаи вилоятӣ бо онҳо корҳои дастурӣ ва методиро ба субут мерасонад. Расо 25 588 нусха китоби тозанашр махзани ин китобхонаҳоро бой гардонидааст.

Дар робита ба масъалаи камчин будани адабиёти тахассусӣ ҳамсуҳбати мо баён дошт, ки аксар китобҳои илмӣ–соҳавӣ дар ҳаҷми 200-250 нусха нашр мешаванд ва бештарини муаллифон онро дар доираи шогирдон, дӯстону пайвандон ва алоқамандони соҳа паҳн мекунанд. Ҳол он ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи муассисаҳои нашриётӣ вазифадоранд нусхаи ҳатмии китобҳо ва маводи чопиро ба китобхонаҳо дасрас кунанд.

– Масъала ҳалли худро хоҳад ёфт, – мегӯяд Баҳром Мирсаидов. – Тайи 3 сол мешавад, ки толори ҷудогонаи илмӣ-таълимӣ таъсис ёфт, ки аз он адабиёти дилхоҳи соҳаро метавон дарёфт кард, то ҳатто аз донишномаи «Оксфорд» баҳра бурда метавонанд.

Соли 2019 барои харидани китоб дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ 19 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, ки нақшаи харидани намунаҳо аз ҳама соҳаҳо иҷро шуд.

– Солҳои охир санъати чопи китоб дар Тоҷикистон беҳтар гардидааст, аз ҷумла, нашриёти давлатии «Адиб» хеле нерӯ гирифтааст, хосатан намоишу фурӯши китобҳоро ба роҳ мондааст, ки барои омавигардонии мутолиа нақш мебозад, ки мо аз он истиқбол мекунем. Хуб мешуд, агар муассисаҳои нашриётӣ ҳар моҳ дар марказҳои шаҳр, дар хиёбонҳо, дар донишгоҳҳову муассисоти таълимӣ низ намоишу фурӯши китобҳоро роҳандозӣ кунад, иқдоми наҷибе мешуд, – пешниҳод кард директори китобхона.

 – Насли навро каммутолиа гуфта, сарзаниш, киноя, ситеза ё таъна кардан ғалат аст, – изҳори ақида кард Баҳром Мирсаидов. – Баъди нисфирӯзӣ дар китобхона ҷойи нишаст намеёбед, аз мактабхон сар карда, то калонсолон бо китобхона робитаи зич доранд. Аз вилоят ишитроки 40 ҳазор мактабхон, 12 ҳазор донишҷӯ дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» нишонаи он аст, ки сафи китобхонҳо меафзояд.

– Китобхона бо 74 номгӯйи рӯзномаву маҷҷалаҳои ҷумҳурӣ обуна шудааст, ба андешаи ман,  агар матбуоти даврӣ дар ҳар шумораашон нафаре, ки китобхонаи шахсӣ дорад, дастхатҳоро гирд овардааст, дар хонааш маҳфилҳои илмиву адабӣ баргузор мекунад, ба китобхонаҳо китоб тӯҳфа менамояд, бо сураташ ва фишурдаи зиндагиномааш дарҷ кунонанд, албатта, замина фароҳам меорад, то чанд қадами устувор барои оммавигардони китоб гузорем, – дархост кард Баҳром Мирсаидов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь