Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human rights watch) ҳафтаи ахир гуфт, мақомоти Толибон бо ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои васеъ дар расонаҳо танқид ва мухолифатро хомӯш кардаанд. Дар ин хусус “Ирон-интернейшнл” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ахиран мақомоти Толибон дар мулоқот бо рӯзноманигорони афғон як қатор қоидаҳои норавшанро ба миён гузоштанд, ки амалан аз нашри ҳар гуна гузоришҳои интиқодӣ дар бораи ин гурӯҳ ҷилавгирӣ мекунад.

Қонуни нав, ки мегӯяд, cозмони Дидбони ҳуқуқи башар як нусхаи онро дидааст, нашри гузоришҳои “зиддиисломӣ”, “тавҳин ба шахсиятҳои миллӣ” ва маводи таҳрифшуда дар расонаҳои Афғонистонро манъ мекунад.

Патрисия Гузман, мудири бахши осиёии cозмони Дидбони ҳуқуқи башар, гуфт, дар ҳоле ки Толибон дар бораи риояи “арзишҳои исломӣ” ба васоити ахбори омма ваъда додаанд, қоидаҳои нави ин гурӯҳ амалан озодии расонаҳо дар ин кишварро танг мекунанд.

“Қонуни Толибон он қадар густурда аст, ки рӯзноманигорон худашонро сензура мекунанд”, – афзуд ӯ.

Қонун ҳамчунин аз рӯзноманигорон талаб мекунад, аз гузориш додан дар мавзуъҳое, ки “мақомот тасдиқ накардаанд” ё “шантаж” аст, худдорӣ кунанд.

М. Наҷибӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь