Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафарии кории худ ба ноҳияи  Ховалинг аз ҷараёни сохтмони 10 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои камбизоат ва бесаробон дар деҳаи Айлодараи ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо дидан кард.

Сохтмони ин хонаҳо дар доираи иқдоми башардӯстона бо дастгирии молиявии Аморати Муттаҳидаи Араб тавассути ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” ба роҳ монда шуда, ба оилаҳое бахшида мешавад, ки саробони худро аз даст додаанд ва дар шароити сахти иҷтимоӣ бо фарзандони ноболиғ умр ба сар мебаранд.

Тибқи лоиҳа, ҳар як хонаи истиқоматӣ аз се ҳуҷра, ҳаммом ва долон иборат буда, бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ сохта мешавад. Хонаҳо бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор муҷаҳҳаз гардонида шуда, шароити заруриро барои зиндагии арзанда фароҳам месозанд. Дар ҷараёни сохтмон зиёда аз 30 нафар коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь