Гурӯҳи мутахасисони Муассисаи давлатии “Маркази вилояти бемориҳои сил”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои дарёфт ва муоинаи бемории сил ба ноҳияи Ховалинг сафар карда, беш аз 500 касро аз аҳолии ин ноҳия дар давоми се рӯз аз ташхис гузарониданд.

Роҳбари маркази мазкур Олимзода Шамсулло гуфт, баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.02.2021 таҳти рақами 49 оид ба ҳимояи аҳоли аз бемории сил дар асоси нақшаи барномаи мазкур тибқи супориши сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мусозода Иброҳим, гуруҳи мутахасисони Маркази сили вилоят бо истифода аз таҷҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ барои ташхис, дарёфти бемории сил ба ноҳияи кӯҳистони Ховалинг сафар карданд.

Ин гурӯҳи корї дар якҷоягӣ бо масъулони Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг, МКАТС-и ноҳия ва кормандони маркази сили ноҳия ба љамоатҳои Шуғнов, Лоҳутї, Ғаффор Мирзо, Ҷонбахт рафта, аҳолиро аз муоина гузаронида ба онҳо сӯҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. Њоло сафар ин гурӯҳ кори дар ноҳияи Ховалинг идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь