Мактаби таҳсилоти касбӣ ва давомдори (ММКД) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ 25- уми сентябр 15-умин солгарди худро дар шаҳри Хоруғ ҷашн гирифт.

Намояндагони гуногуни идораҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ аз ҷумлаи роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати омӯзгорон, донишҷӯён ва хатмкунандагон бо ҳам омаданд, то ки барномаҳои ҷорӣ ва дастовардҳои ММКД-ро дар баланд бардоштани сифати зиндагии одамон қадр намоянд. Ҳамчунин барои саҳми Шабакаи Рушди Оғохон (AKDN) дар тӯли 30 соли охир дар рушди бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон изҳори сипос баён карда шуд.

“Имрӯз як марҳилаи муҳим дар ҳаёти Донишгоҳ аст. На танҳо барои гузаронидани маросими солонаи хатми ММКД, балки мо 15 -умин солгарди таъсиси ин мактабро, ки яке аз аввалин барномаҳои академии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мебошад, ҷашн мегирем”, гуфт профессор Суҳайл Нақвӣ, ректори Донишгоҳ.

ММКД, ки соли 2006 таъсис ёфтааст, дорои 16 маркази омӯзишӣ дар чор кишвар: Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон мебошад. Мактаб барои дастгирии одамоне таъсис дода шудааст, ки маълумоти расмӣ надоранд ва барои дастгирии оилаҳои худ бояд ба бозори меҳнат ворид шаванд. «Дар шароити иқтисоди бозории нав ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба одамон барои пеш бурдани зиндагӣ малакаҳои гуногун зарур буданд. Таҳсилоти рӯзона имконнопазир буд. Барномаҳо бояд ғоибона ва босифат пешниҳод мешуданд ”, гуфт Богдан Кравченко, декани Мактаби Рушд-и Донишгоҳи Осиёи Марказӣ. ММКД ба яке аз марказҳои асосии таълими касбии баъд аз миёна ва кӯтоҳмуддат дар Осиёи Марказӣ табдил ёфт, ки доираи васеи фанҳоро фаро мегирад.

“Аз танҳо се марказ дар соли 2006, ки дар шаҳрҳои кӯҳистонии Хоруғи Тоҷикистон, Норини Қирғизистон ва Текелии Қазоқистон таъсис ёфта буданд, ММКД имрӯз дар 12 макон ва 16 марказ бо зиёда аз 180,000 донишҷӯ ва 300 корманди баландихтисос фаъолият мекунад”, гуфт Диловар Бутабеков, директори ММКД.

“ММКД як модели нодири омӯзишро пешкаш мекунад, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои инфиродӣ пешбинӣ шудааст. Имрӯз хатмкунандагони ММКД дар идораҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ фаъолият мекунанд. Онҳо ба қадри кофӣ салоҳият доранд, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёт рушд кунанд ”,-гуфт Ёдгор Файзов, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон.

«Имрӯз Шабакаи Рушди Оғохон (AKDN) дар Тоҷикистон дар якчанд самт фаъолият мекунад аммо  таълим ва омӯзиш яке аз афзалиятҳои ин шабака мебошад. Фаъолияти кунунии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ яке аз намунаҳои беҳтарини ҳамкории дарозмуддат дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҳадафи донишгоҳ таъмини стандарти эътирофшудаи таҳсилоти олӣ, омодасозии мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст”, гуфт ҷаноби Қозидавлат Қоимдодов, намояндаи доимии Шабакаи Оғохон оид ба Рушд (AKDN) дар Тоҷикистон.

Ҷашн дар Хоруғ маросими хатми барномаҳои мухталифи ММКД -ро дар бар мегирифт, ки дар он зиёда аз 200 нафар донишҷӯ шаҳодатномаҳои хатмкуниро гирифтанд ва бо маросими ифтитоҳи семинари омӯзишии барқчиён хотима ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь