Дар соли 2022 дар байни хонандагони мактабҳои вилояти Хатлон 36 ҳодисаи худкушӣ ва 225 ҳолати содиршавии ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Номбурда илова кард, ки танҳо дар як соли хониш аз ҷониби хонандагони мактабҳои вилоят 36 хонанда даст ба худкушӣ задаанд, ки ин рақам  нисбат ба соли  2021-ум 2 ҳолат кам аст.

Сардори Раёсат гуфт, 18 писар ва 18 духтар дар соли 2022-юм даст ба худкушӣ задаанд, ки омилҳои худкушии онҳо муноқишаҳои оилавӣ ва бемории руҳӣ аст.

Ба иттилои ӯ, худкушӣ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Данғара, Вахш ва Қубодиён ба қайд гирифта шудааст.

Мавсуф дар нишаст, ҳамчунин, иттилоъ дод,  дар ин сол аз ҷониби ноболиғон 225 ҷиноят содир шудааст, ки ин омор нисбати соли 2021-ум 84 ҷиноят зиёд аст, ки аз ин ҷиноятҳо 66 дарсадашро дуздӣ ташкил медиҳад.

– Аз ҷиноятҳои содиршуда 64 ҳолати онро нобилоғоне содир кардаанд, ки пас аз   хатми асосӣ дигар дар мактабҳо таҳсил намекунанд, – гуфт ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here