Масъулони шӯъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон  ният доранд, имсол беш аз 12 ҳазор хонандаи муассисаҳои таълимиро ба лагерҳои истироҳатии беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ фаро гиранд.

Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода ба “Фараж” хабар дод, ки тибқи нақша имсол бояд 5 ҳазору 830 кӯдакони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба лагерҳо ҷалб карда шаванд.

Ӯ иттилоъ дод, ки аз ин шумора 180 нафар ба лагерҳои беруназшаҳрӣ, 1000 нафар дар назди муассисаҳои таълимӣ, 500 нафар ба лагерҳои меҳнатӣ-истироҳатӣ ва боқӣ ба дигар лагерҳо фаро гирифта мешаванд.

Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Анзурат Назарзода низ гуфт, ки тибқи нақша имсол 6 ҳазор хонандаи ноҳия ба лагерҳои истироҳативу фароғатӣ ҷалб мегарданд.

– Аз ин шумора 190 нафар ба лагерҳои беруназшаҳрӣ,  990 нафар ба лагерҳои наздимактабӣ ва боқӣ ба дигар лагерҳо фаро гирифта мешаванд, – илова кард мудир.

Сардори Раёсати молияи Ҷайҳун Давлат Гурезода гуфт:

– Имкон дорем, барои ғизои хонандагоне, ки дар назди мактабҳо ба истироҳату фароғат ҷалб мешаванд, 300 ҳазор сомонӣ ҷудо кунем, аммо то ҳол касе барои ҷудо кардани маблағ муроҷиат накардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь