Дар толори МТМУ № 50-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Мирзо Турсунзода-вассофи сулху дустӣ» конфронси илми-адабӣ баргузор гардид.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ омӯзгор Х. Наимова ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва омӯзгоронро хайрамақдам гуфт. «Мо дар арафаи ҷашни бузурги милли 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Ин ҷашни миллӣ руҳияи тавонои созандагӣ дар саросари кишварамон устувории сулҳу ваҳдат ва муттаҳидии мардуми тоҷикро ба таври саҳеҳ собит месозад» – гуфт ӯ.

Муаллима Наимова аз суханронии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки дар васфи Турсунзода гуфта буд, иқтибос овард: “Ашъори Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсониятанд. Тамоми зиндагии ӯ дар ошёнаи баландтарин –дили халқ маъво гирифта, халқ хотираи неки фарзанди хешро то абад ҳифз хохад кард».

Номбурда, ҳамчунин, гуфт, мероси гаронбаҳои адабии Мирзо Турсунзода дар давраи мо ба муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҳаётии халқ ва давлат ҷавобгӯ мебошад. Шеъри ӯ ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва ба қалбҳои мо ҳамсадо мешавад. Бигзор каломи оташин, мавзун ва нобу шевои Мирзо Турсунзода қалби тамоми халқи тоҷик ва ҷаҳониёнро софу мунаввар ва чун оина пурҷилло гардонад.

Дар конфронс гурӯҳи хонандагони синфи 6 “б”-и МТМУ №50 аз ашъори шоири шаҳир, қаҳрамони миллат Мирзо Турсунзода дар васфи зан-модар, Ватан, миллат порчаҳо қироат карданд.

Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳод ва супориши Президенти кишвар имсол дар ҳавои ҷашну сури 30-солагии Истиқлоликишвар 110-солагии Мирзо Турсунзода низ бо тантана таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар тамоми муассисаву корхонаҳо ва ташкилоти давлатию ҷамъиятӣ бахшида ба ҷашни ин фарзанди барӯманди миллат чорабиниҳо баргузор карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь