Шаҳрдори нави маркази маъмурии вилояти Хатлон – Бохтар Баротзода Файзулло имрӯз дар нишасти хабарии мақомот гуфт, дороиаш танҳо хонаи падараш, ки ба ӯ мерос мондааст ва як воситаи нақлиёти шахсӣ мебошад.
– Дигар дороии зиёд надорам, – илова кард раиси шаҳр.
Бояд гуфт, ки шаҳрдори пешини Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар бораи дороиҳои худ ба намояндагони ВАО посух дода буд, ки дороииаш саломатӣ, фарзандҳояш ва тинҷиву оромии кишвар аст. Ҳамчунин, ӯ гуфт, дар шаҳри Душанбе хонаи истиқоматии баландошёна, дар ноҳияи Рӯдакӣ хонаи нотамом, дар Варзоб бӯстонсаро ва мошини хусусӣ дораду соҳиби ҳашт фарзанд аст.
Блоки рекламавӣ