Раиси тозатаъйини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холмурод Раҳмон зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳарчанд дар бисёр ҷойҳо чун раис ва роҳбар кор карда бошад ҳам, аммо дороиаш танҳо як хона дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва як мошин асту халос.
Ӯ қайд кард, ки ба вазтфаи раиси ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус, Қумсангир ҳозира Ҷайҳуни вилояти Хатлон буд, ҳамчунин дар вилоят ба ҳайси муовини раиси вилоят фаъолият карда, даҳ соли дигар директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳоло раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст, аммо дар ин ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе иҷоранишин буд.
Намояндагони ВАО ба ӯ суол карданд, ки мисли дигар раисон хонаҳои баландошёна ва бӯстонсаро дорад, раис дар посух гуфт, бӯстонсаро аммо, умедвор аст, ки мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як бӯстонсаро барояш месозанд.