Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо ифтихор хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик дар кинотеатри “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми бадеии “Хоби Сурх” баргузор мегардад.

Филми мазкур таҳти коргардонӣ ва нависандагии Соҳибёр Толиб бо иштироки гурӯҳи эҷодии ҳирфаӣ дар пойгоҳи “Тоҷикфилм” таҳия гардидааст.

Ҳайати гурӯҳи эҷодии филм продюсер Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири филм Субҳон Идиев, филмбардор Шӯҳрат Қурбонов, рассомон Фидо Азизмамадов ва Эраҷшоҳ Искандаров, оҳангсоз Иқбол Завқибеков ва коргардони садо Рустам Атахонов ҳастанд. Дар нақшҳои асосӣ ҳунармандони шинохта Исфандиёр Ғуломзода, Меъроҷиддин Асоев, Таҳмина Раҷабова, Ғолиб Исломов, Қурбони Собир, Зарпарӣ Хушвақт ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд.

Достони филм зиндагии шахсеро инъикос мекунад, ки дар даврони истиқлол зери таъсири андешаҳои ташаккулёфтаи давраи Шӯравӣ қарор дорад. Филм бо саҳнаҳои пурмазмуну таъсирбахш тамошобинро ба андеша ва худшиносии иҷтимоӣ ва таърихӣ водор месозад.

“Хоби Сурх” филмест, ки ғояҳои амиқи иҷтимоиву инсонӣ ва масъалаҳои замонавиро матраҳ мекунад ва дар сатҳи баланди касбӣ ба навор гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь