Дар шаш моҳи соли равон тавассути ҳамаи фурудгоҳҳои байналмилалии  Тоҷикистон ба 517 ҳазору 600 мусофир хидмат расонида шудааст, ки аз ин ба ширкати ҳавопаймоии ватании «Сомон Эйр» 136 ҳазору 600 ва ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ 381 ҳазор мусофир рост меояд. Дар ин муддат, аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бинобар сабаби надоштани ҳавопаймои коршоям ба ягон мусофир хидмат расонида нашудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон Субҳон Икромзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои роҳбари Агентӣ, тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 337 ҳазору 100, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 110 ҳазору 500, Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 56 ҳазору 800 ва Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар 13 ҳазору 200 мусофир аз/ба кишвар ба хориҷи кишвар интиқол дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои дуру наздик ширкати ҳавопаймоии ватании «Сомон Эйр» ва ширкатҳои ҳавопаймоҳои хориҷии «Ют Эйр», «Уральские авиалинии», «Северный ветер», «Сибирь», «ИКАР», «Азур Эйр», «Ямаль», «Аэрофлот» – и Федератсияи Русия, «Эйр Астана»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, «Узбек Ҳаво Юллари»-и Ӯзбекистон, «Белавиа»-и Белорус, «Флай Дубай»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, «Туркиш Айрлайнс»-и Туркия, «Кам Эйр»-и Афғонистон ва «Вариш Айрлайнс»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон парвозҳои мунтазам ва чартериро иҷро намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар як рӯз тавассути ҳамаи фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар мутаносибан ба 4500-5000 мусофир хидмат расонида мешавад.

Давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба 15252 адад ҳавопаймо хидматрасонӣ карда шудааст. Теъдоди парвозҳои транзитии хидматрасонидашуда бошад 3340 ададро ташкил медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки зиёда аз 70 дарсади парвозҳо ба самти Федератсияи Русия анҷом дода мешавад. Бо хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 дар аксари хатсайрҳо парвозҳо аз/ба Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бо маҳдудият иҷро мегардид. Дар ин муддат, танҳо парвозҳои чартерӣ ё номунтазам анҷом дода мешуданд.

Бо назардошти вазъи хуби эпидемилогии кишварамон, аз 1 апрели соли 2021 парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо зичии як парвозӣ дар як ҳафта ва аз 10 июн боз 1 парвозӣ дар 1 ҳафта, ки дар умум 4 парвоз дар 1 ҳафта (ду парвоз аз ҷониби ҶДММ «Сомон Эйр» ва ду парвоз аз ҷониби ширкати «Ют Эйр», барқарор карда шуданд. Вале бо амалишавии 4 парвози мунтазам дар 1 ҳафта, ки ҳамагӣ 800-900 мусофир метавонанд аз ин хатсайрҳо истифода баранд, талаботи зиёди мусофирон, ки аксарияти онҳо муҳоҷирон мебошанд, пурра қонеъ намегардад. Арзиши чипта барои мусофирон низ дар ин самт қобили дастрас нест. Аксари мусофирон аз ночориву маҷбурӣ бо нархҳои ҳангуфт ба самти Русия чипта харидорӣ менамоянд. Ҳоло низ дар парвози хатсайрҳои ба самти Федератсияи Русия анҷом медода шуда, аз арзиши аслии муқарраршудаи фурӯши чипта аз ҷониби Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон зиёд фурӯхтани он ба мушоҳида мерасад. Масъулини авиатсионии Тоҷикистон бар он боваранд, ки бо беҳ шудани вазъи эпидемологӣ дар ҷаҳон ва минтақа вобаста ба бемории COVID-19 ва дар ин асос зиёд шудани парвозҳои мунтазам миёни шаҳру минтақахои Тоҷикистону Русия нархи фурӯши чипта ба эътидол меояд.

Абӯалӣ Некрӯзов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь