Баъди боздиди меҳмонони вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзи 12 августи соли ҷорӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд, аз чанд шаҳру ноҳия 23 созишномаи ҳамкорӣ миёни мақомот ва  соҳибкорони  вилояти Хатлону вилояти Сурхондарё ба имзо расонида шуданд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки рӯзи 13-уми августи соли равон дар шаҳри Норак Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар Форум раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва соҳибкорони ҳарду вилоят иштирок карданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ, изҳор дошт, боиси хушнудист, ки имрӯз ҳайати намояндагони вилояти Сурхондарё бо сарварии ҳокими вилоят ба вилояти Хатлон сафар карданд ва ҳамкориҳои мо сол то сол инкишоф меёбад. Имрӯз “Харитаи роҳ” ба имзо мерасад, ки дар он иқдомоти муштараки минбаъда ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак танзим мешавад.

– Бояд гуфт, ки таҳким ва густариши робитаҳои корӣ бо минтақаҳои Ӯзбекистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии мо мебошад.  Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба мо барои самаранок истифода бурдани иқтидори минтақаҳоямон мусоидат мекунанд, манфиатдорем, – гуфт раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода дар идомаи суханронӣ таъкид дошт, ки вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро ҷузъи муҳими стратегияи рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, фароҳам овардани ҳавасмандӣ барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди устувори минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии минтақа медонад.

– Итминон дорам, ки сафари кории ҳайати вилояти Сурхондарё ба Хатлон дар таърихи муносибатҳои ду вилоят саҳифаи нав мекушояд, – гуфт Ҳакимзода.

Гуфта шуд,ки  дар Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё 23 созишномаи ҳамкорӣ  миёни  мақомот ва соҳибкорони  Хатлону Сурхондарё, аз он ҷумла ба имзорасонии харитаи роҳ байни ду вилоят, ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 15 шартнома барои сармоягузорӣ, 6 шартнома барои молу маҳсулот ба маблағи 21,6 миллион доллар ба имзо расонида шуданд, ки барои пешравии ду вилоят мусоидат мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь