Дар назди шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар ташкилоту идораҳо, корхонаҳо, аҳолӣ, ҳатто ҳукумати шаҳр ва дигар муштариён 126 миллион 563 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, ки ин вазъ масъулони ниҳоди мазкурро нигарон кардааст.

Бахтиёр Раҷабов, муҳосиби  шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар, дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки қарзи барқ ба ҷойи кам шудан, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз 4 миллиону 119 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

“Аз 126 миллиону 563 ҳазор қарзи барқ бештар аз 47 миллиону 619 ҳазораш аз аҳолӣ, 34 миллиону 847 ҳазораш аз ташкилоту идораҳои буҷетиву  коммуналӣ ва боқӣ аз дигар муштариён аст”, – илова кард мавсуф.

Номбурда иттилоъ дод, ки ҳатто ҳукумати вилояти Хатлон 525 ҳазору 459 сомонӣ ва ҳукумати шаҳри Бохтар 466 ҳазор сомонӣ, бахши фарҳанги шаҳр 258 ҳазор сомонӣ, Раёсати андози вилоят 50 ҳазор сомонӣ, беморхонаи вилоятии Қарияи Боло ба номи Буррӣ Воҳидов 748 ҳазор сомонӣ,  театри шаҳр 64 ҳазор сомонӣ, Маркази саломатии шаҳри Бохтар 123 ҳазор сомонӣ ва ба ин монанд даҳҳо корхонаву ташкилотҳои дигар дар назди шабакаҳои барқи шаҳр қарзҳои ҳангуфт доранд.

Ӯ бо нигаронӣ қайд кард, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ қарзи ҳукумати вилоят 118 ҳазор сомонӣ ва аз ҳукумати шаҳри Бохтар 52 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Бахтиёр Раҷабов афзуд, ки ҳукумати шаҳр, бахши фарҳанги шаҳр, беморхонаи шаҳр, маркази саломатии шаҳрро барои пардохт накардани қарзи барқашон ба суди иқтисодӣ додаанд, суд ба фоидаи идора ҳалнома баровард, мутаасифона то ҳол ин идораҳо қарзи худро пардохт накардаанд.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Бохтар гуфт, омили зиёд шудани қарзи барқ дар ҳукумати шаҳр ин маблағгузории нокифоя аз буҷети шаҳр мебошад.

Аммо, Шӯҳрат Бобозода, як масъули Раёсати молия шаҳр, қайд кард, ки барои пардохти маблағи барқи ташкилоту идораҳои буҷети шаҳр аз ҳисоби буҷет дар соли 2022-юм 1 миллиону 498 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифтаанд, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ 308 ҳазор сомониаш пардохт шудааст.

– Маблағе, ки барои пардохти  барқи  ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳр  дар нақшаи соли 2022 пешбинӣ шудааст, нисбати соли 2021 80 ҳазор сомонӣ зиёд аст, -илова кард ин масъули Раёсати молия.

Ӯ афзуд, ки соли 2022 аз ҳисоби буҷет ба мақомоти иҷроияи шаҳр 40 ҳазор сомонӣ пардохтҳои коммуналӣ ба нақша гирифтаанд, ки аз ин 17 ҳазораш барои ҳаққи барқ мебошад.

Ҳоло ба гуфти ин масъули Раёсати молияи шаҳр қарзи ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳр дар назди барқ бештар аз 3 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Баъзе аз ташкилоту идораҳои вилоятӣ иддао доранд, қарзҳое, ки ба сари онҳо бор кардаанд, баҳсиянд. Онҳо ин қарзҳоро қабул надоранд.

Бахтиёр Раҷабов дар идомаи суҳбаташ қайд кард, ки солҳои қаблӣ қарзҳои ташкилоту идораҳои буҷетӣ байни вазорати молия ва ширкати Барқи тоҷик ҳисоббаробаркунӣ мешуд. Дар ду соли охир ин амал иҷро нашудааст ва қарз афзоиш ёфтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь