Дар вилояти Хатлон ҳоло 168 миллиону 211 ҳазору 948 сомонӣ бақияи қарзи андоз мавҷуд аст, ки ин нисбати соли 2022-юм 14 миллиону 577 ҳазору 900 сомонӣ кам мебошад.

Аз Раёсати андози вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар доданд, ки соли гузашта бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон бештар аз  182 миллиону  789 ҳазор сомониро ташкил медод, ки то якуми январи соли 2023-юм 14 миллиону 577 ҳазору 900 сомонӣ кам карда шуд.

– Дар ин давра 24 шаҳру ноҳия бақияи қарзи андозро кам карданд, аммо, мутаассифона, ноҳияи Дӯстӣ бақияи қарзро 636 ҳазору 800 сомонӣ зиёд кард,-гуфтанд аз Раёсати мазкур.

Масъулони Раёсати андози вилоят гуфтанд, талош доранд, ки бақияи қарзро дар соли 2023 низ кам кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here