Аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон имсол барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф 71,1 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин маблағ то имрӯз 13,6 миллион сомониаш ҷудо гардидааст.

Аз Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба “Фараж” иттилоъ доданд, ки маблағгузорӣ барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф нисбати соли гузашта  8,2 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Айни замон маблағгузорӣ барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф идома дошта, бештари маблағҳо баъди таътил дар моҳҳои июл ва август ҷудо карда мешаванд.

Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд, ки айни замон дар вилоят 1 ҳазору 401 муассисаи таълимӣ ва 177 муассисаи томактбӣ ҳастанд ва саъй карда мешавад, ки ҳамаи онҳоро таъмир ва ба соли навӣ хониши 2025-2026 омода шаванд. Дар таъмири муассисаҳои соҳаи маориф саҳми соҳибкорон низ назарас мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь