Дар назди Раёсати андози вилояти Хатлон қарзи сарояндагон, навозанагон ва рақосон 31 ҳазору 430 сомониро ташкил медиҳад, ки дар байни онҳо сарояндаҳои номдор Зафар Аюбов, Баҳодур Ҷумъаев, Азизбек Ҷӯраев, Дӯстмурод Ҳасанов низ ҳастанд.

Сармутахассиси гуруҳи маъмурикунонии  тиҷорати электронӣ ва мониторинги таҷҳизотҳои техникии Раёсати андози вилояти Хатлон Фатҳулло Шарифзода ба “Фараж” гуфт, мутобиқи маълумоти барномаи СМИИа аз санаи 01.10.2009 то 01. 10. 2023 дар мақомоти ҳудудии андози вилояти Хатлон ҳамагӣ 64 нафар субъектоне, ки ба фаъолияти сарояндагӣ, барандагӣ, навозандагӣ, рақосӣ ва банаворгирӣ машғул мебошанд, ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

“Ҳамагӣ ба санаи 01.10.2023 дар нозироти  андоз дар вилояти Хатлон 22 соҳибкор ҳамчун сароянда ва 42 соҳибкори дигар ҳамчун баранда, навозанда, раккоса ва наворбардор ба қайди давлатӣ гифта шудаанд, ки аз инҳо 9 нафар бо шаҳодатномаи низоми соддакардашуда ва 55 нафари дигар бо шаҳодатномаи махсус фаъолияташонро ба роҳ мондаанд”,-гуфт номбурда.

Ба иттилои ӯ дар ин давра аз ҳисоби шумораи умумии 64 нафар сароянда ва навозанда ба маблағи умумии 874287 сомонӣ маблағҳо ҳисоб шуда аз ин маблағ 109931 сомонӣ андозҳо ҳисоб шуда ба буҷет ба маблағи умумии 78501 сомонӣ пардохт карда шудааст. Шарифзода Фатҳулло афзуд, бақияи қарзи андозҳо ба маблағи умумии 31 ҳазору 430 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати андозсупорандагони қарздор огоҳиномаҳо аз тарафи нозирони  мутасаддии нозироти андоз ба маблағи 26 ҳазору 450 сомонӣ равон карда шудааст ва дар ин самт кор идома дорад.

Қайд карда шуд, ки сарояндагони номдор аз Кӯлоб ба монанди Зафар Аюбов ба маблағи  1645 сомонӣ, Баҳодур Ҷумъаев ба маблағи  822 сомонӣ ва аз шаҳри Бохтар Ҷӯраев Азизбек ба маблағи  387 сомонӣ ва аз ноҳияи Данғара Ҳасанов Дӯстмурод ба маблағи  1783 сомонӣ ба санаи 01.10.2023 дар назди  буҷет қарздоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь