Кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбати 36 падару модар барои монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии асосӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Дар ин бора зимни нишастии хабарии ниҳоди мазкур иттилоъ доданд.

-Дар доираи қонунуи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бори масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” корманадони Прокуратураи вилоят нисбати 775 нафар падару модар парвандаҳои маъмурӣ оғоз кардаанд, – гуфтанд дар нишаст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин 480 нафар корманди муассисаҳои таълимӣ ба ҷавбогарии интизомӣ кашида шудаанд.

Зикр шуд, ки дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 94 ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 7 адад кам аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь