Варзишгарони вилояти Хатлон дар чор моҳи соли ҷорӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилали соҳиби 372 медал шуданд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 151 медал зиёд аст.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбоналӣ дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки сол то сол соҳаи варзиш бо дастгирии ҳукумати кишвар дар вилояти Хатлон рушд кардааст.

Ӯ афзуд, ки варзишгарони вилоят дар чор моҳи соли равон дар 22 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби  115 медали тило, 103 медали нуқра ва 135 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 353 медал, шуданд .

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин варзишгарони вилояти Хатлон дар ин давра дар чор мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 5 медали тило, 4 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ шуданд .

– Ҳамчунин, барои ҷалби бештари ҷавонон ба  варзиш ҳоло дар шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи 5 намуди варзиш, аз ҷумла футзал, шатранҷу шашка, волейбол ва куштии миллӣ баргузор мешаванд. Масъулони Раёсати кор бо ҷавони ва варзиши вилояти Хатлон минбаъд ҳама талошҳои худро баҳри рушди соҳаи варзиш равона карда, дар оянда ният доранд дастовардҳои варзишгарони вилоятро зиёд кунанд, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here