Варзишгарони вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли 2024-ум дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  2 ҳазору 314 медалро соҳиб шудаанд, ки аз он 763 медали тило, 670 медали нуқра ва 881 медали биринҷӣ мебошад.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ вилояти Хатлон Рамазон Насридинзода, иттилоъ дод,ки варзишгарони вилояти Хатлон  дар 131 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори 728 медали тило, 651 медали нуқра ва 816 медали биринҷӣ гардидаанд.

Ӯ гуфт, ҳамчунин варзишгарони вилоят дар 31 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 35 медали тило, 19 медали нуқра ва 65 медали биринҷӣ гардидаанд.

Қайд карда шуд, ки аз ҷониби Раёсати ҷавонон барои муаян кардани дастаи мунтахаби вилоят ва инчунин дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ 185 мусобиқаҳои вилояти баргузор гардида дар онҳо  18 ҳазору 230 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар вилояти Хатлон МД “Мактаби маҳорати олии варзишӣ”, “Мактаби махсуси варзишии вилояти ба номи С.Раҳимов”, 4 мактаби варзишии вилояти Хатлон ва 31 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯи 35 намуди варзиш 18 ҳазору 398 варзишгар аз он ҷумла 2610 бонувон дар 1392 гурӯҳи машқӣ ҳамарӯза ба машғулиятҳои варзишӣ фаро гирифта шудаанд.

Рамазон Насридинзода афзуд, ки шумораи ҷавонон дар  вилояти Хатлон  1 миллиону 68 ҳазору 754 нафарро ташкил дода, аз онҳо 531 ҳазору  142 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь